Аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 20 ҳазор парванда баррасӣ шудааст.
Наим Мансуров, раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт, ки дар соли сипаришуда 216 арзу шикоят аз тарафи ширкату корхонаҳо ба судҳои иқтисодӣ пешниҳод гардидааст.
Номбурда дар мавриди он ки чанд ҳалномаи худро дар давоми соли 2012 таҷдиди назар намудааст, қайд кард, ки танҳо дар мавриди як санад ё худ ҳалнома, ки он ҳам ба хотири ҳолати ошкоршудан сурат гирифтааст.
Раиси Суди олии иқтисодӣ мегӯяд, маблағи даъвоҳои қаноаткардашуда 49 миллиону 512 ҳазору 498 сомониро ташкил медиҳад.
Наим Мансуров илова кард, ки ба фоидаи буҷаи давлат дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ин ниҳод 11 320 259 сомонӣ гузаштааст.
Мӯҳр