Федератсияи ҷудо (дзюдо)-и кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявиро дар намуди ҷудо баргузор карданист.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ин чорабинӣ ба хотираи гиромидошти президенти фахрии федератсияи ҷудои Тоҷикистон, чемпиони Ҷаҳон оид ба самбо Саидмӯъмин Раҳимов доир мегардад: «Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби гӯштини ҷудо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон ба мебошад”.
Мусобиқа рӯзи 6-уми апрели соли 2013, дар «Маҷмаъи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони (мардҳо аз сини 18 боло) шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ иҷоза дода мешаванд. Мусобиқа аз рӯи вазни мутлақ аз 81 кило боло гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол менамоянд, бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд. Барои ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи федератсияи ҷудои кишвар низ ғолибонро бо мукофотҳои молӣ, барои ҷои аввал: 25.000 сомонӣ, барои ҷои дуюм- 10.000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 7.000 сомонӣ (ду ҷои сеюм) қадр карда мешавад.
Мӯҳр