Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:16

Обама суқути Амрикоро роҳбарӣ хоҳад кард

17 январ 2013, 08:59

Яке аз таҳлилгарони машҳури Амрико бо ишора ба афроде, ки Обама дар даври дуюми раёсати ҷумҳурияш барои вазифаҳои калидии амниятии Амрико таъин мекунад, гуфтааст, ки маъмурияти Обама дар даври дуюми ин аст, ки суқути Амрикоро раҳбарӣ кунад.

Ба гузориши "Форс", муассис ва раиси андешкадаи амрикоӣ, маркази сиёсатҳои амниятӣ,  дар мақолае дар рӯзномаи "Вашингтон Таймз" таъкид карда, афроде ки Обама барои ҳузур дар кобинаи давлатияш дар даври дуюми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ карда,  дар ростои дастёбӣ ба ҳадафи ҷаҳони бидуни Амрико аст.

Фронк Гофтни,  ки мақолаи фаровоне бо руйкардҳои эронҳаросӣ ва исломситезӣ дар навиштаҳо ва иҷроҳои радиёӣ дошта аст, дар оғози ин мақола менависад : Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон  ба таври пай дар пай эълон карда, ки дунёи бидуни Амрико на танҳо матлуб , балки даст ёфтанӣ аст.

Вай меафзояд: бо ин ки дар маросими савгандёдкунии раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафтаи оянда, аз ин изҳори назар истиқболе ба амал нахоҳад омад, аммо бо фарзи мусовӣ будани тамомии шароити дигар, эҳтимолан асари амалии давраи дуюми раёсати ҷумҳурии Обама амалӣ шудани ҳамин амр хоҳад буд.

Ин таҳлилгари масоили сиёсии Амрико, ки муҷрии барномаи радиёии  “Радиои озодии амниятӣ” дар Амрико ҳам ҳаст, дар идома менависад, албатта хости режими Эрон ҷаҳоне бидуни Амрико, ба маънои воқеии калима аст ва сарони Эрон ҳам бо талоше хастагӣ нопазир ба дунболи даст ёфтан ба ин ҳадаф ҳастанд.

Гофни, ки аз ҷумлаи мунтақидони  Барак Обама аст,  дар ин мақола истидлол мекунад, раиси ҷумҳури Амрико ҳам дар даври дуюми раёсати ҷумҳурияш ба дунболи даст ёфтан ба ҳамин ҳадафе аст,  ки Эрон дар пайи он аст, бо ин тафовут, ки Обама саъй дорад, ин корро аз манзари геоестротегӣ анҷом диҳад.

Марк Гофни аз соли 1983 то 1987  дар давлати Рейган муовини вазири дифоъи Амрико дар умури марбут ба масоили ҳастаӣ ва контроли силоҳ буда, менависад:  ин барномаи Обама ба равшанӣ  дар интихоботҳое, ки ӯ барои мақомҳои аслии амниятии Амрико доштааст, мушаххас нест.

Вай ба интихоби Ҷон Керри, Чок Ҳегел ва Ҷон Бравн барои се мақоми вазорати хориҷа, вазорати дифоъ ва созмони ҷосусӣ, ба унвони гулӯлаҳои амниятии Амрико ишора карда ва менависад: ин се нафар монанди худи Обама дидгоҳҳои фароамрикоӣ, фароҳокимиятӣ, фароқонунӣ ва фаромиллӣ доранд. Гофни меафзояд: ба назар мерасад, маъмурияти Обама ва давлаташ ин хоҳад буд, ки суқути Амрикоро раҳбарӣ кунанд.

Вай дар поён менависад, ки Обама ин се нафарро ба гунае интихоб карда, ки аз лиҳози интиқоли амнияти мадди назараш  бо вай комилан ҳамоҳанг бошанд, эҷоб мекунад, сенаторҳо комилан бо гузинаҳои пешниҳодии вай мухолифат кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!