Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Нахустин кӯдакони сунъӣ дар Тоҷикистон

17 январ 2013, 11:43

Дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки аз ҷониби нахустин зани бо роҳи сунъӣ ҳомиладоршуда дугоникҳо ба дунё омаданд.

Тавре Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустии кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, ин дӯконикҳо ҳар ду писар буда, бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд шуданд ва ҳоло саломатии модар ва фарзандон хуб ҳаст.

Гуфта мешавад, ҷарроҳӣ аз ҷониби Шамсиддин Қурбонов, директори Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологияи Тоҷикистон ва мутаххасисони варзидаи ин муассисаи тиббӣ анҷом дода шуд.

Ба қавли номбурда бо роҳи сунъӣ бордор кардани ин зан дар маркази тиббии «Насл» сурат гирифтаааст.

Бояд зикр намуд, маркази мазкур соли гузашта  дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуда буд.

Фотима Ғоибова илова намуд, ки танҳо бо иштирок ва розигии ҳамсарон амали бордоркунии сунъӣ анҷом дода мешавад.






Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!