Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:18

Дастури «вижа»-и президенти Туркманистон

18 январ 2013, 06:06

Хати роҳи оҳани байналмилалии Эрону Туркманистон ва Қазоқистон то декабри 2014  мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Вазорати ҳамлу нақли кишвараш дастур додаст, то қисмати хати роҳи оҳани байналмилалии Эрон, Туркманистон ва Қазоқистонро, ки дар қаламрави ин кишвар нотамом мондааст,  бо ҷалби мутахассисони хориҷию дохилӣ то декабри соли 2014 такмил намуда, ба истифода бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркманистон ҳафтаи гузашта Рӯзимурод Сайидқулов, муовини худ, ки оиди умури ҳамлу нақл ва иртибототро бар ӯҳда дошт, ба хотири кутоҳӣ намуданаш дар мавриди мақарри роҳи оҳани байналмилалии мазкур аз симаташ барканор карда буд.

Ёдрас менамоем, ки роҳи оҳани Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон 910 километр дарозӣ дошта, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани он 600 киллометр роҳ барои ҳамлу интиқоли коло барои кишварҳои ҳамсуд то Халиҷи Форс ва Аврупо кӯтоҳ хоҳад гашт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!