Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:17

22 миллион сомонӣ. Хисороте, ки аз ҷиноятҳои иқтисодӣ ба бор омад

18 январ 2013, 07:07

Дар шимоли кишвар дар соли 2012 беш аз 400  ҷиноёти характери коррупсионӣ дошта ошкор гардид.

Сардори раёсати Агнетии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейн Акилов мегӯяд, дар соли 2012  аз сӯи кормандони ниҳоди онҳо 419 адад ( 2011- 351) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта ошкор  ва ба қайд гирифта шудааст.

Маблағи зарари  аз ин гуна  ҷиноятҳои ошкоргардида, 22 миллиону 504 ҳазору 668 ( 2011- 16 млн. 267 хазору 299) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ба микдори 17 млн. 246 ҳазору 352 сомониаш барқарор шудааст.

-Паравандаҳои ҷиноӣ  вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, сӯиистифода аз ваколати хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва сохибкории ғайриқонунии КҶ ҶТ оғоз гардидааст,- афзуд Ҳусейн Акилов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!