Имрӯз, 18-уми январ, дар Саркумитаи МН бо ширкати вакилоне, ки лоиҳаи мазкурро пешниҳод кардаанд ва ҳамчунин Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба қавли ширкатдорони ин нишаст, яке аз сабабҳои рад шудани лоиҳа тавассути кумитаҳои парлумон, таъхир дар пешниҳод шудани ин лоиҳа будааст. Зеро кумитаҳо иддао карданд, ки аҳзоб бояд лоиҳаро аққаллан як сол пеш аз интихоботи президентӣ ба МН пешниҳод мекард.
Ҳамзамон, пешниҳоди аҳзоб барои лағви 5 дарсадии ҷамъоварии имзои тарафдорони номзад ба интихоботи президентӣ низ рад шудааст. Ба таъкиди кумитаҳои порлумон, ин меъёр, яъне 5 дарсадӣ меъёри конститутсионӣ аст ва ба ин далел намешавад, онро аз Қонуни интихоботи президентӣ лағв кард.
Ҳамчунин кумитаҳои порлумон ба пешниҳоди лоиҳа, ки бояд намояндагони ҳама аҳзоби сиёсӣ на танҳо дар ҳайати Комиссияи Марказии интихобот, балки дар ҳавзаҳо ва ба хусус участкаҳои интихоботӣ узвият дошта бошанд, рад шудааст. Сабаби рад шудан, ин будааст, ки аҳзоб на дар ҳама минтақаҳо намояндаи худро доранд ва ба ин далел иҷрои ин банд низ номумкин будааст.
Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз пеш Кумитаи тадорукот барои ислоҳи қонуни интихоботи президент дар Душанбе нишасти худро баргузор карда буд ва талош дошт, то ин лоиҳа мавриди баррасии порлумон ва тасвиби вакилон қарор бигирад. Ба кумитаи тадорукот Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар", Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва Консорсиуми юридикии Тоҷикистон ва чор ҳизби сиёсӣ - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ (ба раҳбарии Масъуд Собиров) ва ҲСТ, созмонҳои иҷтимоӣ ва шахсиятҳои алоҳида шомил мебошанд.
Мӯҳр