Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Суғд: Беш аз 7 %-и ҷиноятҳо ба одамкушӣ рост меоянд

19 январ 2013, 04:54

Масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, ҷинояткорӣ дар ин вилоят коҳиш ёфтааст.

Шариф Назаров, сардори РВКД дар вилояти Суғд зимни як нишаст иброз дошт, ки дар соли гузашта дар қаламрави вилояти Суғд 3 ҳазору 723 ҷиноят содир гаштааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2011-ум 832 ҷиноят кам мебошад.

Ба қавли номбурда дар Суғд соли 2011 4 ҳазору 555 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.

Шариф Назаров илова кард, ки дар соли 2012  содирнамоии ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 187адад ё 7,1 %, вазнини ин соҳа 135 адад ё 18,2%, одамкушӣ 7,3 %, роҳзанӣ  55,6 %, ғоратгарӣ 38,5 %, каллобӣ 15 %, дуздӣ 1,1 % ва авбошӣ 57 %-ро ташкил намуд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!