Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Афзоиши нархи ананас дар Душанбе ва Қурғонтеппа

19 январ 2013, 06:32

Масъулини ширкати «Агро-информ»-и Тоҷикистон мегӯянд, тоҷирони бозори  «Шоҳмансур»-и  Душанбе дар қиёс ба бозори  «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, ҳамсарҳад бо Мастчо килои ананасро беш аз 1 маротиба гарон мефурӯшанд.

Тавре аз ин ташкилот ба Озодагон иттилоъ доданд, ба ҳисоби миёна нархи як кило ананас дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт 30 сомонӣ арзиш дорад, ки ин нишондод дар бозори  «Панҷшанбе»-и Хуҷанд 15 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони “Агро-Информ” аз ҳама нархи гарони ананас пас аз бозорҳои Душанбе дар бозори марказии шаҳри Қурғонтеппа мушоҳида мешавад, ки он ҷо як кило ананас ба нархи 25 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар бозори марказии ноҳияи Рашт як кило ананас 20 сомонӣ ва дар бозорҳои марказии шаҳри Истаравшану Исфара  18 сомонӣ арзиш дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!