Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Хитой барои рушди як бахши саноати Тоҷикистон 500 миллион доллар медиҳад

21 январ 2013, 05:40

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарияти Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин мулоқот намуд.

Тавре аз ин кумита ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, аснои нишасти мазкур қайд гардид, ки дар соли 2012 корхона фаъолиятро хуб ба роҳ монда, нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намуд: «Аз оғози фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкат 150 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст».

Ҳамзамон, зикр шуд, ки сармоягузорони хитоӣ дар мувофиқа бо ин ширкат ва мақомоти болоии худ дар шаҳри Шанхай сохтмони заводи металлургиро бо назардошти на танҳо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, балки кислотаи сулфурӣ низ ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми сармоягузории он тақрибан 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!