Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Кӯлоб: Бародар ҳоҳарашро ба қатл расонид

21 январ 2013, 09:35

Як сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб бо гумони  даст доштан дар куштори хоҳараш аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт гардидаст.

Тавре аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб ба «Озодагон» хабар доданд, аз ҷониби  сокини кӯчаи ба номи Киров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот расид, ки дар марги Озодамоҳ Мизробоваи 17-сола, ки рӯзи 14-уми январ ба ҳалокат расида буду дар қабристони шаҳр гӯронида шудааст, бародари бузургаш даст доштааст.   

Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар мақомоти қудратӣ, рӯзи 17-уми январ қабрро   кушода, тафтишоти экспертизӣ ба анҷом расондаанд.

-Хулосаи экспертизӣ муайян намуд, ки Озодамоҳ ба таври бӯғӣ кардан ба марг расидааст. Дар куштори ӯ, бародараш Мизробҷони 22-сола гумонбар дониста мешавад,-афзуд манбаъ.  

Ба иттилои аз прокуратура расида, дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор гаштааст: «Қотил аввал  хоҳарашро бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда, баъдан ҳамин рӯймолро болои дастаи чӯбини боми ошхона, ба хотири гум намудани пайи куштор, гӯё Озодамоҳ худкушӣ карда бошад, овезон кардааст».

Дар ҳоли ҳозир, прокуратура сабаби кушторро ошкор намудаанд. Мизробҷон бо ҷурми якчанд маротиба аз хона бедарак баромада рафтани хоҳараш, қасд ба ҷони ахирӣ кардааст: «Аммо,  хулосаи экспертизаи тиббӣ ба бероҳагӣ даст задани ӯро инкор мекунад, зеро далели сабукпо будани ӯ тасдиқи худро наёфт».  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!