Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:53

Натаняҳу шаҳраксозиро дар соҳили ғарбии Урдун идома доданист

21 январ 2013, 10:41

Нахуствазири Исроил мегўяд, дар сурати пирӯзии дуборааш дар интихоботи парлумонӣ ба шаҳраксозии худ дар заминҳои ишғолӣ идома хоҳад дод.

Бино ба гузориши расонаи хабарии “ал-Арабия”, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил зимни изҳороти қабл аз интихоботии худ, гуфта, ки худи ӯ за зумраи ҳимоятгарони сиёсати густариши шаҳраксозӣ буда, дар сурати даст боло шуданаш дар интихобот шаҳракҳои яҳудинишини соҳили ғарбии руди Урдунро тахлия нахоҳад кард.

Инчунин номбурда бо ишора бар ин ки барои ҳамагон равшан аст,  шаҳракҳои исроилӣ дар кучое набошанд, қисмате аз ин кишварро ташкил медиҳанд афзудааст: “Қасд дорам барои тавсеаи шаҳраксозӣ дар бархе аз шаҳракҳои яҳудинишини соҳили ғарбӣ иҷозае содир намоям”.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати маскани Исроил аз мавриди баррасӣ қарор ги- рифтани 198 тарҳи нави шаҳраксозӣ дар соҳили ғарбӣ хабар дода буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!