Иттиҳоди араб аз фаластиниёни муқимии заминҳои ишғолӣ дархост кард, то дар интихоботи парлумонии Исроил ба таври густарда иштирок намоянд.
Бино ба гузоиши хабаргузории “Форс”, Иттиҳоди араб аз фаластиниёни муқимии заминҳои ишғолӣ, ки 20%-и сокинони Исроилро ташкил медиҳанд, талаб намуд, то бо ширкати густардаи худ дар интихоботи парлумонии ин кишвар курсӣ ба даст оварда, бо истифода аз қавонини байналмилалӣ ва усули демократӣ мубориза баранд.
Бино ба гузориши ахири Иттиҳоди араб ҳаракати ростгарои ифротӣ дар Исроил талош дорад, то қавонинеро алайҳи мардуми араб дар Кнессет, парлумони ин кишвар ба тасвиб расонад, ки ҳадаф аз он ҳам поксозии нажодӣ аст.
Бар асоси як назарасанҷии исроилӣ, Кнессет дар маҷмуъ 120 курсӣ дошта, 63-тои он барои аҳзоби ростгаро ва 57-тои дигараш ба ҳизбҳои чапгаро тақсим хоҳад шуд.
Мӯҳр