Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Боғи ҳайвоноти Душанбе кӯчонида мешавад. Боғхои «Айнӣ» ва «Дӯстии халқҳо» тармим мегарданд

21 январ 2013, 11:20

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеъи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба Озодагон иттилоъ дод, дар нишасти мазкур қабл аз ҳама, шаҳрдор таваҷҷӯҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории хиёбону кӯчаҳо ва пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронид. Қайд гардид, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи нақшаҳои ободонӣ, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар карда шавад.

-Аз ҷумла, муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидори аз ҷониби шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои он созмонёфта ҳар моҳ дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт натиҷагирӣ карда шуда, ҳар семоҳа дар сатҳи шаҳрдор баррасӣ карда мешаванд,-афзуд манбаъ.

Ҳамзамон, иброз шуд, ки дар бораи кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба дигар минтақа ва ҷойгузинии он дар манотиқи марбутаи шаҳр, баҳри дарёфти андешаву пешниҳодоти муфид миёни сокинон ва институтҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон карда мешавад. Дар робита ба ин мавзӯъ қарор гашт, ки Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо низ баҳри мутобиқат намудан ба баровардагии эҳтиёҷоти сайру саёҳатии сокинону меҳмонони шаҳр дар соли ҷорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дода мешавад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!