Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

SOS: Дар Кӯлоб ду нафар бар асари газидани кана ба ҳалокат расиданд

21 июн 2011, 10:08

Бар асари бемории исҳоли хунин ё ба истилоҳ «геморологическая лихорадка»   2-нафар аз сокинони навоҳии минтақаи Кӯлоб ба ҳалокат расиданд.


Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» Саид Аламов, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии гурўҳи шаҳру навоҳии Кўлоб хабар дод. Гуфта мешавад, фавтидагон дар яке аз мавзеҳои дашти Олимтой, дар як хона гирифтори ин беморӣ гаштаву баъдан ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилоъ, як сокини ноҳияи Данғара барои меҳмонӣ ба хонаи хешовандонаш ба як рустои Олимтой, ки муттаалиқ ба ноҳияи Мӯъминобод будааст, рафта, он ҷо дар манзили зисти эшон, ӯ ва соҳиби хонаро канаи заҳрдор неш мезанад. Дар беморхонаи ноҳияи Данғара табибон ҳарчанд кӯшиш кардаанд, вале  ҳар ду бемор ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Аламов, соли гузашта низ 2-тан аз сокинони ноҳияи Кӯлоб баъди газидани канаи заҳрдор гирифтор ба ин беморӣ гашта буданд. Вале баъди сари вақт бистарӣ намудани эшон дар беморхонаи сироятии шаҳр, ҳар ду бемор ҳам табобат ёфтаанд. {jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!