Дар ин бора ба Озодагон аз дафтари матбуотии вазорати умури дохила иттилоъ доданд.
Бино ба қавли манбаъ, Наҷибулло Обидови 22-сола, сокини кӯчаи Беҳзод ва Ҷомӣ Муқимови 23-сола (истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик, қишлоқи Ҷайралӣ) аз сӯи кормандони ШКД-1 ноҳияи Сино дастгир гардидаанд.
Манбаъ афзуд, онҳо бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии Каҳрамон Шокиров гардида, аз он ҷо 14700 сомонӣ пули нақд ва 2 телефони мобилии тамғаи «ТК Мобайл» ва «Самсунг»-ро ба яғмо бурдаанд. Маблағи умумии хисороти ворида 15.000 сомониро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр