Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Квота барои ҳоҷиёни тоҷик. Навбат барои соли оянда

22 январ 2013, 05:46

Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба   мавсими Ҳаҷ-2013 ва қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро барои зиёрати Каъба барвақттар оғоз намояд.

Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод иттилоъ доданд, ҳадаф аз чунин тасмими кумита он аст, ки зоирин фурсати бештаре дошта бошанд, то барои ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои худ ва супоридани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо сари вақт омодагӣ гиранд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи оид ба корҳои дин теъдоди ҳиссаи нафаронеро, ки мехоҳанд ба  ҳаҷ раванд, ба шаҳру вилоятҳо ирсол намудааст.  Қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон аз нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардид ва то охири феврал идома меёбад.  

Манбаъ мегӯяд, на дертар аз 10 –уми моҳи март ҳуҷҷатҳои зоирин ба кумита  пешниҳод карда мешаванд. Шахсоне, ки тасмими ҳаҷ рафтан доранд, тибқи навбат имконияти ба ҳаҷ рафтанро доранд ва нафарони ҳуҷҷатсупоранда дар сурати кофӣ набудани ҳиссаи шаҳр ва ё ноҳияи худ метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро барои солҳои оянда дар навбат гузоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!