Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:15

Забту мусодираи пулҳои қалбакӣ дар Душанбе

22 январ 2013, 06:09

Дар пойтахт, аснои баргузории амалиёти фаврӣ бо гумони тайёр намудани  пулҳои қалбакӣ шаҳрванди 51-солаи Русия боздошт гардид, ки пештар ду маротиба суд шуда будааст.

Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки тафтишот муайян кардааст, ки боздоштшуда дар хонаи иҷораи худ пулҳои қалбакӣ омода мекард.

-Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ, кормандони агентӣ пулҳои қалбакии ИМА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизоти тавлидкунандаи пулҳои қалбакиро ошкор намуданд,-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, аз боздоштшуда дар маҷмӯъ 550 доллари ИМА, 149 сомонӣ, 1150 рубли русӣ ва 30 афғонии Ҷумҳурии и Афғонистон мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшуда ҳоло дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!