Бахшҳо

Бозори “Корвон” маркази матбуотиашро фаъол кард. Дар навбат радио

Сӯхтори ахир дар бозори “Корвон” роҳбариятро такон дод, ки маркази матбуотӣ таъсис диҳад.

Тавре аз маъмурияти бозори мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, бо қарори роҳбарияти фурӯшгоҳ, Баҳром Мараимов ба ҳайси сарвари дафтари матбуотии бозори “Корвон” таъин шуда, аз ин пас иртиботи ҷомеъа ва доираҳои хабарнигориро бо бозор ба роҳ хоҳад монд.

Ҳамзамон, оқои Мараимов мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси маркази матбуотӣ - мавриди таваҷҷўҳи хабарнигорон ва мардум қарор доштани бозори калонтарини Тоҷикистон мебошад: “Таъсиси маркази матбуотӣ барои посухи сареҳ ва комил додан ба суолҳо аст. Минбаъд маркази мазкур барои равшанӣ андохтан ба фаъолияти бозори мазкур бо ҷомеаи журналистӣ ҳамкорӣ намуда, иттилои заруриро дастраси онҳо мегардонад".

Инчунин, барои огоҳонидани харидорон ва тоҷирони бозор аз хабарҳои нав дар бораи ҳаёти рӯзмарраи бозори “Корвон”, қарор аст, радиои маҳаллии бозор низ фаъол гардад”.

Бозори “Корвон” миёни ҳамаи бозорҳои Душанбе калонтарин ба ҳисоб рафта, бештари тоҷирон маводу маҳсулоти худро аз он харидорӣ менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 5-уми сентябри соли равон, бар асари оташсӯзӣ дар қисмати яклухтфурӯшии бозори “Корвон”, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2.250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чор каси дигар захм бардошта буданд. Пас аз як рӯзи оташсузии бозори “Корвон” сару садоҳои зиёд миёни мардум паҳн гардид ва савдогарони бозор барои додхоҳӣ ба кӯчаҳои Душанбе рехтанд.  




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)