Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:41

Райиси Шӯрои уламо барои ошкор намудани ҳолати шиканҷа ба маҳбасхонаҳо нарафта буд

22 январ 2013, 10:33

Дар ин бора Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон иброз дошт.

Номбурда гуфт, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои кишвар барои ошкор намудани осори шиканҷа ба маҳбасхонаҳо нарафтааст: “Ташрифи ходимони дин ба муассисаҳои ислоҳӣ на ба хотири муайян намудани осори шиканҷа аст, балки масъулини Вазорати адлия онҳоро барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ даъват мекунанд”.

Номбурда мегӯяд, дар муассисаҳои ислоҳӣ шахсоне ҳастанд, ки бо ҷурми ташкилотҳои динии мамнӯъ дар қаламрави кишвар муттаҳам дониста шудаанд ва аз ин хотир ходимони динро даъват мекунанд, ки бо чунин маҳбусон сӯҳбатҳо анҷом дода, бархе аз масоилро барои онҳо равшан созанд.

Ба гуфтаи Менглиев, аз тарафи зиндониён низ дар ин бора баъзан дархост мешавад, то барои онҳо вохӯрӣ бо ходимони дин  ба хотири муайян намудани бархе аз умури динӣ баргузор намоянд.

Ёдрас менамоем, ки райиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр соли гузашта зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфта буд, ки муддати се рӯз аз ҳамаи маҳбасҳои пойтахт дидан карда, бо шароиту аҳволи маҳбусон аз наздик шинос шудааст ва хабарҳо дар бораи шиканҷаи зиндониёнро бепоя хонд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!