Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Ҳукумати Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдат чорабиниҳои идона доир месозад

21 июн 2011, 10:21

Шурӯъ аз 26-уми июни соли равон ба муносибати 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдат як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар пойтахи кишвар баргузор мегарданд.


Ба иттиллои Шафкат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, 26-уми июн соати 19-00  барномаи театрикунонидашуда  таҳти унвони «Файзи ваҳдат» дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор хоҳад шуд. Баъди як рӯз, 27-уми июн, соати 10    консерти идона бо ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ ва сайру гашти оммавӣ дар боғҳои «Дӯстии халқҳо ва майдони 800- солагии Москва сурат мепазирад. Дар ин ҷашнвора дастурхони идонаи шаҳрдорӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои ниёзманд низ ороста мешавад, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!