Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:06

Хонандагони тоҷикистонӣ аз Алма-Ато 7 медал оварданд

22 январ 2013, 12:04

Саъдӣ  Оқилназарзода, хонандаи литсеи муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ғолиби олимпиадаи  9-уми байналхалқии  Жаутикови ҷумҳурии Қазоқистон аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ эълом гардид.

Тавре ба Озодагон аз литсеи муштараки тоҷикию туркии мазкур хабар доданд, ин олимпиада  аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ аз 13 то 19 -уми январ баргузор гардида буд.

Манбаъ афзуд, ба барандаи ҳисоби шахсӣ диплом, медали тилло ва роҳхат барои таҳсил дар донишгоҳи техникии Қазокистону Бритониё дода шуд: “Дар баробари Окилназарзода бо холҳои аз ҳама зиёд хонандагони макотиби Русия ва Қазокистон низ баранда гаштанд”.  

Гуфта мешавад, дар ин озмуни бонуфуз 54 даста ( 348 хонанда), аз мактабҳои махсуси 13 кишвар, аз ҷумла Русия, Украина Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доштанд.

Маврид ба ёдоварист, хонандагони дигари тоҷик аз олимпиадаи  9-уми байналхалқии  Жаутикови шаҳри Алма-Ато  бо 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!