Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Мусодираи беш аз 21 кило маводи мухаддир дар Восеъ

24 январ 2013, 05:10

Кормандони Агентии назорати маводи нашаъовари назди президенти Тоҷикистон бо роҳандозии як амалиёти фаврӣ садди роҳи интиқоли маводи мухаддир ба Федератсияи Русия шуданд.

Бобоҷони Шафеъ, аз Хадомоти матбуотии агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки ин амалиёт муддати дуру дароз тарҳрезӣ мешуд ва ҳаракати як гурӯҳи гумонбар ба ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди пайгирӣ қарор дошт.

Номбурда мегӯяд, 21-уми январи соли равон марҳилаи ниҳоии амалиёт дар қаламрави ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон анҷом гирифт ва дар наздикии деҳаи Ибрат ба гумони қочоқи мухаддирот  ду нафар, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон  боздошт гардиданд: “Аз дастгиршудагон  ду халтаи полиэтиленӣ ошкор ва мусодира шуд, ки дар дохилашон 27 бастаи селофании дорои маводи хокистарӣ  бӯи махсус доштанд. Ҳамчунин як брикети часпшудаи растанинасаб низ кашф гардид”.

Гуфта мешавад, лабораторияи ташхиси судии агентӣ собит кардааст, ки 20,5 килои маводи мусодирашда афюн буда, наздик ба 1 килои он ҳашиш мебошад. Дар маҷмӯъ аз боздоштшудагон 21,5 кило мухаддирот забт гардидааст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва барои шиносоӣ ва боздошти шарикони дигари гумонбарон чораҳо андешида шудаанд.

Дастгиршудагон  айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!