Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Карзай: Бағлонро аз Амрико бозпас мегирем

23 январ 2013, 05:55

Раисҷумҳури Афғонистон аз Амрико талаб намуд, ки ҳарчӣ зудтар тавофуқномаҳои ба имзорасидаи миёни Кобул ва Вашингтонро амалӣ гардонад.

Хабаргузории “Рajhwok” бо такя ба иттилои дафтари матбуотии раёсати Афғонистон навишта, ки Ҳомид Карзай, раисҷумҳури ин кишвар шоми 21-уми январ, зимни мулоқоташ бо Девид Пирс, намояндаи вижаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон гуфтааст: “ИМА бояд дар наздиктарин вақт ба амалӣ сохтани тавофуқоти миёни Кобулу Вашингтон дар мавриди супурдани зиндони Бағлон ба мақомоти афғон даст ба иқдом бизанад”.

Номбурда афзуда, ки дар сурати ба таъхир афтодани он миёни мардуми афғон шакку тардид ба миён хоҳад омад. Зимни сафари оқои Карзай ба Вашингтон, ки ду ҳафта қабл сурат гирифта буд, мақомоти амрикоӣ гуфта, ки тамоми масъулияти зиндони мазкурро ба ҳукумати Афғонистон хоҳад супорид ва афродеро, ки нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар боздошт менамоянд, ҳадди аксар дар муддати 92 соат ба мақомоти афғон таслим хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл нерӯҳои хориҷӣ ба хотири вуҷуд доштани шиканҷа дар зиндони Бағлон, интиқоли масъулияти онро ба мақомоти афғон дубора ба таъхир андохтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!