Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Изҳори нигаронӣ аз муносибати Маликшо Неъматов

23 январ 2013, 06:09

Шовалӣ Қаландаров, раиси Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз муносибати нохуби раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронӣ мекунад.

Номбурда аснои сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон гуфт: “Ҳар моҳ ба ҷамъияти мо 2.380 сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки ба ин маблағ мо ҳамаи кормандонамонро маош дода наметавонем. Аз ҳамин хотир, як ду толори “Қасри варзиш”-ро иҷора ва як чанд утоқи кории дигарро низ иҷора додаем, то ки аз ҳисоби маблағҳои иҷора боқимондаи коргарҳоямонро маош диҳему ҳаққи барқу обу хизматрасонии коммуналиро пардохт кунем”.

Дар ҳамин ҳол, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар мегӯяд, агар масъулини Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон воқеан ҳам фаъол асту фаъолият дорад, назди мо биёянд, ягон пешниҳод дошта бошанд, мо омодаем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем:

“Аввал ин ки худи онҳо боре назди мо наомаданд, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд. Агар онҳо назди мо биёянд, чӣ хел мо дастгирӣ намекунем. Касе, ки назди мо омадааст, мо ҳамаи онҳоро дастгирӣ мекунем. Барои ҳамин онҳо худашонро зӯр мегиранд”.

Тафсилоти бештарро аз гузориши хабарнигорамон мутолиа намоед: http://www.ozodagon.com/g/item/16908


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!