Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

31 ронанда дар ҳолати мастӣ сари фармони нақлиёт нишастаанд

21 июн 2011, 12:01

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон як писараки 15- сола ба ҳалокат расид.


Тибқи иттилои Қудратулло Шоев, масъули шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи бозрасии давлатии автомобили ВКД, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд   ронандаи автомашинаи «Хундай» таҳти идораи Қодиров Асатуллои 53-сола аснои ҳаракат дар ҷодаи мошингарди ҷамоати Қамиш- Қурбон дар рӯ ба рӯи чойхонаи «Сапеда» ҳангоми ба кафо ҳаракат кардан бехатарии роҳро таъмин накарда ноболиғ Сарвар Қобилов, соли таваллудаш 1996-ро зер мекунад. Ҷабрдида дар вақти интиқол ба касалхона ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилоъи манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ду садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин ҳодисаҳо як нафар ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта аз тарафи кормандони БДА 31 нафар ронанда дар ҳолати мастӣ, 110 нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 25 нафар барои итоат накардан ба кормандони БДА, 12 нафар бо ҷурми истифодаи воситаҳои нақлиёт бе рақами давлатӣ ошкор шудаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!