Бахшҳо

Парлумон ба 5 лоиҳаи қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз, 23-уми январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ба панҷ лоиҳаи қонуни Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Тавре аз Парлумони Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии  Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба Қонуни конститутсионии  Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Гуфта мешавад, вобаста ба масъалаи мазкур муовини вазири молияи Тоҷикистон Рӯҳулло Ҳакимов ва вакили Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев баромад намуда, таъкид карданд, ки дар лоиҳаи ин қонун меъёрҳои танзимкунандаи истеъфо ва нафақаи судяҳои Суди конститутсионӣ, аз ҷумла собиқаи кории касбӣ, ки барои ба истеъфо ва нафақа баромадани судяҳои мақомоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, инчунин андозаҳои фоизи таъминоти нафақавии онҳо пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади ба тарзи иловагӣ ба танзим даровардани имтиёзи судяҳо таҳия шудааст, пас аз суханронии муовини вазири молия Рӯҳулло Ҳакимов ва намояндаи халқ Дилшод Исматуллоев, қабул шуд.

Ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  пас аз сӯҳбати раиси кумитаи андоз Нусратулло Давлатов ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов тағйирот ворид карда шуд. Зикр гардидааст, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин барои дуруст намудани тартиби ситонидани пардохт барои рекламаи берунӣ таҳия карда шудааст.

Дар қисмҳои 1,3 ва 4-и моддаи 2-и ин лоиҳа мақсади аниқ намудани муқаррароти амалкунанда дар якчанд моддаҳои матни тоҷикии қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» ва калимаҳои «ҳисоб карда мешаванд» ба калимаҳои «бевосита пардохта мешаванд» иваз карда шуда, барои ташкили назорат доир ба пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақомоти андоз моддаи нави 5 прим 1 илова гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар хотимаи ҷаласаи имрӯзаи худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо»-ро, ки ҳадаф аз он такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда, мутобиқати дохилии меъёрҳои он, ҳамчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои қонунгузории Тоҷикистон мебошад, пас аз суханронии вакилони Маҷлиси намояндагон Эшбурӣ Эсанқулов ва Низом Қосим қабул намуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)