Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 10:00

Рақобати ҳазору 425 номзад дар интихоботи парлумонии Урдун

23 январ 2013, 09:55

Субҳи имрӯз дар Урдун 17-умин интихоботи парлумонии ин кишвар бо вуҷуди мухолафати тазоҳургарон оғоз гардид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” ба нақл аз “ал-Манор”, интихоботи парлумонии Урдун, ки қарор аст, аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ ба вақти маҳаллӣ идома ёбад, зиёда аз 2 миллиону 300 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар он ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси ин гузориш, дар ин интихобот, ки ҳазору 425 номзад, барои ба даст овардани курсӣ миёни ҳамдигар дар рақобат хоҳанд буд, аз ин нишондод 191  нафар зан мебошад.

Бояд гуфт, интихоботи парлумонии Урдун дар ҳоле баргузор мешавад, ки ин кишвар дар шароити вазнини иқтисодӣ қарор дошта, бо камбуди буҷаи 1, 8 миллиард дорлари амрикоӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Ёдрас менамоем, Урдун аз январи соли 2011 шоҳиди тазоҳурот ва эътирозҳои густардаи мардумӣ буда, тазоҳуркунандагон хостори ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва мубориза алайҳи фасод мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!