Бахшҳо

Баррасии муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Канада

Саидғуфрон Абдулло, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Питер Кулен, мушовир оид ба масъалаҳои мудирият ва консулӣ, консули Сафорати Канада дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, муовини сардори хадамот ташрифи меҳмононро ба Хадамоти муҳоҷират хайрамақдам гуфта, доир ба таъсиси ин хадамот, самтҳои асосии фаъолияти он  ёддовар шуд. Номбурда қайд кардааст, ки то имрӯз 4 созишнома ба Федератсияи Русия, Қазоқистион, Қирғизистон ва Беларус ба имзо расид ва бо 3 кишвар созишномаҳо тасдиқ (ратификатсия) шудаанд.

Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират ба нақша гирифтааст, ки бо Украина, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар низ созишномаҳоро ба имзо расонад.

Дар ин мулоқт қайд гардидааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд ва тибқи маълумотҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират(СБМ) дар соли 2010 дар ҷаҳон теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 214 миллион нафарро ташкил дода, бо пешбиниҳое, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ,  7 нафар шаҳрвандони кишвари Канада дар Тоҷикистон  иҷозати кор дарёфт намуда, 188 нафари дигар ба қайд гирифта шудаанд.

Масъулини хадамоти мазкур мегӯянд, дар маҷмӯъ имрӯз 195 нафар шаҳрвандони Канада дар Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш Питер Кулен аз пазироии роҳбарияти хадамот ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори ташаккур намуда, доир ба мушкилот ва праблемаҳои шаҳрвандони Канада дар Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Ў доир ба масоили гирифтани иҷозати кор, тамдиди раводиди шаҳрвандони ин кишвар ва бархе аз праблемаҳое, ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд, аз намояндагони Хадамоти муҳоҷират пурсон шуд.

Дар ҳамин ҳол Саидғуфрон Абдулло доир ба саволҳои Консули Сафорати Канада посухҳои мушаххас дода, пешниҳод намуд, ки ба таври пилотӣ дар яке аз минтақаҳои тобеи марказ, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда шавад.

Ин пешниҳод аз ҷониби Питер Кулен ба инобат гирифта шуд ва  ҷонибҳо ризоияти худро баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва мулоқотҳои навбатӣ ҷиҳати соддагардонии рафту омади муҳоҷирони  меҳнатӣ-шаҳрвандони ду кишвар  баён доштанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)