Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 19:38

Total ва AREBA ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд

24 январ 2013, 05:36

Дар ин бора зимни мулоқоти сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар кишвар қайд гардид.

Тавре аз ин ниҳод ба Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузаштаи 23-юми январ, Азим Иброҳим, сардори Саридораи геологияи кишвар Дидйе Леруа, сафири Фаронса дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт: «Ин мулоқот бо дархости сафири Фаронса баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуданд».

Ҳамзамон,  сафири Фаронса иброз дошт, ки бисёр ширкатҳои фаронсавӣ, аз ҷумла ширкати «AREBA» ва «Total» ба соҳаи геологияи Тоҷикистон сармоягузорӣ карданианд.Дар поёни нишаст Азим Иброҳим оид ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаи геология изҳори омодагӣ намуда ва аз таваҷҷӯҳи ин ду ширкат, ки минбаъд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, қаноатмандии хешро иброз дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!