Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

1065 ҳолати таъхири парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе

25 январ 2013, 06:53

Ба гуфти масъулини “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ин нишондод дар қиёс ба соли 2011 ҳудуди 17 фоиз зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотии ин ниҳод қайд гардид, ки сабаби аслии таъхири парвози ҳавопайпоҳо асосан вазъи обу ҳаво, дермонии тайёраҳо, ба ҷойҳои холӣ гирифтани мусофирон, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз кардани навъи ҳавопаймоҳо, санҷиш ва аз назар гузаронидани мусофирон ва бағоҷ мебошад.

Зимнан, Рустам Ҳолиқов, директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» гуфт, таъхири парвозҳо аз рӯи ҷадвал ба ин гурӯҳ табақабандӣ мешаванд: Дер омадани ҳавопаймоҳо-608 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 127, дахолати намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ – 70 адад, носозии техникаи авиатсионӣ – 82 адад, тағйир додани вақти парвоз аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ – 68 адад ва масъалаҳои марбути таъминот бо сӯзишворӣ- 33 ҳолатро ташкил дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!