Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 феврал 2017, 23:05

Интиқоли меваю сабзавоти Ховалинг ба хориҷи кишвар

25 январ 2013, 05:36

Деҳқонони ноҳияи ховалинги вилояти Хатлон соли гузашта зиёда аз 600 тонна меваю сабзавотро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.

Бино ба иттилои Ғоибов, сардори умури кишоварзии ин ноҳия, беш аз 20 тонна себи ноҳия ба ҷумҳурии Афғонистон содир карда шудааст.

Номбурда мегӯяд, инчунин меваи хушк, пиёз ва себи деҳқонон ба кишварҳои Покистону Афғонистон ва федератсияи Русия интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ соли гузашта 602 тонна сабзавоту мева аз ноҳияи Ховалинг ба хориҷа ба савдо рафтааст, ки аз ин шумора 180 тонна меваи хушки он ба идораи ҷангали ноҳия рост меояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!