Бахшҳо
25 янв 2013 06:33Хабарҳои ҷаҳон

Бзежинский: Гегемония дигар вуҷуд нахоҳад дошт

Мушовири амнияти миллии собиқи Амрико дар гуфтугӯ бо як шабакаи хабарӣ, бо таъкид бар тағйир дар сиёсати Амрико гуфт, ки ҳежмунии (гегемонияи) кишваре такқутбии дигар дар ҷаҳон вуҷуд нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Збигнев Бзежинский яке  аз муҳимтарин сиёсатмадороне аст, ки дидгоҳҳои вай дар заминаи сиёсати хориҷӣ пазируфта шудааст. Вай дар даврони Ҷими Картер мушовири амнияти миллии давлати вақт буд ва яке аз нухустин касоне аст, ки аз раёсати ҷумҳурии Барак Обама ҳимоят кард.

Штефан Грубе, хабарнигори "Евронюс" дар гуфтугӯи ихтисосӣ дидгоҳҳои вай дар бораи масоили дохилии Амрико, сиёсати хориҷии ин кишвар ва таҳаввулот дар Аврупоро ҷуё шуд. Грубе ин гуфтугӯро бо пурсише дар бораи Ҷон Керри ва Чок Ҳегел, номзадҳои мақоми вазоратҳои умури хориҷа ва дифоъро оғоз кард,дар ин бора ки ҳар дуи ин афрод аҷрибиёти фаровоне дар ҷанги Ветнам доранд, оё ин мавзуъи тасодуфӣ   аст ё ин ки Обама ба ин васила қасд дорад паёме бидиҳад?

Бзежинский гуфт: "Дарвоқеъ ҳар дуи онҳо. Ман фикр намекунам, ки ин мавзуъ марбут ба дарсҳое бошад, ки ин афрод аз ҷанги Ветнам гирифтаанд, аммо дар  ҷиҳате дигар ин мавзуъ нақши муҳиме дар ҷойгоҳи Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ дорад. Дар ин маврид метавон ин маворидро ҷудо аз ҳам дар назар гирифт ва аз ҷиҳати дигаре метавон дарси муҳимтаре аз онҳо омухт”.

Вай бар вуҷуди доктринаи Обама таъкид кард, аммо дар айни ҳол гуфт: “Стротегияи Обама надорем. Ман муътақидам ки ин ду  кас ( Керри ва Ҳегел) метавонанд стрртегияе барои Обама таъриф кунанд”

Бзежинский дар шарҳи ин стротегия гуфт: “Ман муътақидам, ки нухуст бояд ин мавзуъро бишиносем, ки бӯҳронҳое, ки мо дар 200 соли гузашта шоҳиди он будем, дар оянда идома нахоҳанд дошт. Бояд гуфт ҳежмунии (гегемонияи) ҷаҳонӣ бо як қудрат, ҳатто агар қудратмандтарин кишвар бошад, дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Аммо дар ҳамин шароит мо шоҳиди буҳронҳои фаровоне ҳастем, ки хатароти болое доранд аз ин ру бояд бархурди ҳушмандонае бо ин воқеаҳо дошта бошем ва оқилона, мутанавеъ ва умедворона бо роҳкорҳои донишгоҳӣ  ва кумаки кишварҳои муҳҳими дигар онҳоро иҷроӣ кунем ва аз руёруӣ ( бо дигар кишварҳо)  ки дар таърихи ахири худ доштаем, парҳез кунем.

Вай бо ишора ба густариши таниш дар Ховари Миёна ва тавсиъаи он фаротар аз масъалаи Фаластин бо Исроил, бар эҳтимоли густариши буҳрони Сурия дар Ховари Миёна таъкид кард.

Бзежинский дар идомаи ин гуфтугу ин мавзӯъро, ки Амрико дар мавориде метавонад аз мушкилоти Аврупо дарс бигирад, гуфт: “Ба навъе бале. Агар мо ба Аврупо ва мушкилоти он, аз ҷумла  бӯҳрони молӣ, масоили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, чандқутбӣ шудани ҷомеъа ва масоили сиёсӣ нигоҳе бияндозем, мебинем ки метавон аз ҳамаи ин маворид дарс гирифт”.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)