Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:28

Озодӣ: Сабти ном нашудани хабарнигор ҳамла ба мустақилияти радиост

25 январ 2013, 05:58

Радиои Озодӣ дар як баёнияе, ки ахирна интишор кардааст, аз масдуд шудани сомонаҳои бахши тоҷикиаш дар Тоҷикистон ва рад шудани дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши тоҷикӣ дар Душанбе Абдуқаюм Қаюмов (Абдуқаюми Қаюмзод) иттилоъ медиҳад.

Дар баёния гуфта мешавад, сомонаи Озодӣ ба забони тоҷикӣ рӯзи 18-уми январ масдуд шуда, баъд аз 4 рӯз дубора боз шуд, вале фарзияи русии ин сомона ҳамчунон масдуд боқӣ мемонад. Мақомот масдуд шудани сайти озодиро ба “мушкилоти фаннӣ” рабт додаанд, вале Азия-Плюс гузориш додааст, ки ин иқдом аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст. Дар баёния омадааст, ки сомонаи Озодӣ ва чанд сомонаи бузурги хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон танҳо дар 6 ҳафтаи охир бори дувум аст ки баста мешаванд.

Ҳамчунин, дар ин баёнияи мазкур омадааст, ки вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, хабарнигори собиқадори радио- Абдуқаюми Қаюмзодро сабти ном накард, аз ин рӯ номбурда наметавонад бе акредитатсия гузоришу хабар омода намояд. Президенти Радиои Озодӣ Стивен Корн гуфтааст,“давлат сабти номро бо ҳадафи мамониат ба тасмимоти мо ва ҳамла ба мустақилияти мо истифода мекунад.Сабти ном як раванди маъмурӣ ба хотири мусоидат ба ҳаққи журналистҳост, вале он аз тарафи мақомоти Тоҷикистон оҳанги сиёсӣ гирифта, мунтахабан ба хотири сонсур ва тарс додани онҳо истифода мешавад.”




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!