Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Кӯлоб: Ҳалокати чор нафар бар асари бемории сил

25 январ 2013, 07:15

Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди гирифторони бемории сил дар ноҳияи Темурмалик рӯ ба коҳиш меорад.

Хайриддин Файзиддинов, менеҷери беморхонаи сили ноҳияи Темурмалик ба ин андеша аст, ки гирифторони бемории сил дар соли 2012-ум дар нисбат ба солҳои қаблӣ дар ҳудуди ноҳия кам шудаанд. Тибқи иттилои ӯ, соли 2010-ум мубталоёни ин беморӣ 89 нафар, 2011-ум 101-нафар ва соли гузашта 77-нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

Аз шумораи  силзадагон дар соли 2012-ум, 64-нафарашон барои нахустин маротиба гирифтори ин маризӣ гаштаанд. Инчунин, 6 тани дигар дорои сили мутобиқгашта будаанд, ки барои муолиҷа ба беморхонаи зиди касалиҳои сили вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, интиқол ёфтаанд, аммо 4 каси дигар бо иллати ҳамин беморӣ фавтидаанд.

Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ шумораи силзадагон дар ноҳияи Темурмалик ба маротиб зиёд аст, аммо дар мавриди ошкор намудани онҳо масъулин бечораанд.

Ҷаноби Файзиддинов мегӯяд, сабаби асосии кашф нагаштани беморони сил, ин набуди таҷҳизоти нави рентгенӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар ноҳия усули аксбардории флюорографӣ роҳандозӣ мебошад, ки бо айби набудани пленкаҳои аксгирӣ, ин таҷҳизоти қадимӣ умуман мавриди истифода нест.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!