Бахшҳо
25 янв 2013 07:24Адабиёт

ПАЁМИ

Таслияти созмони ҷавонони ҳизби  Понэронист ба муносибати даргузашти устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Бомдоди якшанбе 26 шаҳривармоҳи 1391 устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, яке аз бузургон ва пешгомони фарҳанг ва адаби порсӣ дар Тоҷикистон, дар сини 87 солагӣ, дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе ҷаҳони хокиро бидруд гуфт.
Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ узви фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адабиёти порсӣ ва яке аз барҷастатарин шахсиятҳои бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ дар Осиёи Миёна буд.

Аз устод Шакурӣ ҳудуди 47 китоб ва беш аз панҷсад мақола дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла забон ва адабиёти порсӣ, таърих ва фарҳанг ва тамаддуни Фарорӯд ва ҷомиъашиносӣ бар ҷой монда аст, ки аз миёни ин осори арзишманд метавон ба китобҳое, ки ба масоили чун вазъи шеъру насри Тоҷикистон дар қарни бист, аз маъорифпарварӣ то Чингизпарастӣ, вожагузинӣ дар Тоҷикистон, сайри адаби форсии Фарорӯд дар садаи бист, нақши кору пайкори устод Садруддини Айнӣ, ҳамбастагии фарҳангӣ ва ғайра ёдовар шуд.

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар соли 1304 (ҳиҷрӣ) дар Бухорои Шариф дар хонаводаи шеърдӯст ва адиб ба дунё омад. Солҳои кудакӣ ва навҷавонии ӯ мусодиф буд бо таъаррузи дубораи Руссия ба ин манотиқи эронӣ ҳамроҳ бо балвои булшевикҳои понтуркист, ки камари фарҳанги эронӣ дар он манотиқро шикаст ва мунҷар ба табъиду муҳоҷирати мардумони аморати Бухоро ба Душанбе гардид. Дар он рӯзгор бештари мактабҳои шаҳри Душанбе ба забони русӣ буд (ин нукта дуруст нест ва аз ноогоҳии таҳиякунандаи таслият сар зада аст! С.А.) ва мардуми форсизабон маҷбур буданд, ки фарзандонашонро барои гузарони ояндаи зиндагӣ дар ин мактабҳо бигузоранд.

Дар даврони Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ, устод Шакурӣ ҳамгом бо дигар донишварони ҷавони тоҷик, аз ҷумла Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Камол Айнӣ, Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ ба ҷунбише пайвастанд, ки касоне чун Садруддини Айнӣ оғоз карда буданд ва ҳадафи ин ҷунбиш посдорӣ аз фарҳанги форсизабонон ва эронитаборони Осиёи Миёна буд. (Ин ҷо низ аз ноогоҳӣ муалиф наслҳоро бо ҳам омехта карда аст С.А.)

Ин ворисони фарҳанги Бухорои шариф дар шаҳри Душанбе, ё ба гуфтаи худашон ҷазираи форсизабонон дар дарёи туркзабонон, талош доштанд, то бар таъкид бар нақши тоҷикон ба унвони падидоварандагон ва пешгомони забони порсии дарӣ, ин забони фохирро ҷойгузини забоне кунанд, ки аз сӯи ҳукумати шӯравӣ барои қатъи тоҷикон бо гузашта таблиғ мешуд.(яъне забони русӣ. С.А.)

Арзиши воқеъии ин талошҳо замоне ошкор мешавад, ки дар назар бигирем дар он солҳо авомиле чун тағйири алифбои форсӣ ба лотин ва сипас ба русӣ, таъқиб ва озори рӯшанфикрон дар даврони истолинӣ, аз байн рафтани  адибон ва муъаллимони забони форсӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, тасаллути забони давлатии русӣ ва гусаста шудани робитаи Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон, арсаро бар фарҳанги эронӣ (тоҷикӣ!) ва забони порсӣ танг карда буд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, устод Шакурӣ ба ҳамроҳи дигар ҳамфикрон нақши муҳиме дар поягузории фарҳанги навини Тоҷикистон ифо намуданд, ки натиҷаи ин талошҳо дар соли 1989 мунҷар ба расмӣ ва давлатӣ шудани забони  форсӣ дар Тоҷикистон гардид.

Устод Шакурӣ пас аз фурӯпошии шӯравӣ, бештар ба пажӯҳишҳои таърихӣ пардохт ва дар китоби "Хуросон аст, ин ҷо…", ки дар соли 1996 мунташир шуд, ҷойгоҳи таърихии тоҷикон ва пайванди онон бо забони форсию фарҳанги эрониро тарҳ ва аз он ба шиддат пуштибонӣ кард, ки ба истиқболи рӯшанфикрони тоҷик мувоҷеҳ шуд.
Ҳамкории донишмандоне чун устод Шакурӣ бо адибони даруни марзи Эрон метавонист нумоде барои шурӯъи сохтори як фарҳангистони муштарак байни кишварҳои форсизабон бошад, ки мутаассифона мавриди ғафлат қарор гирифт ва умед аст бо нашри осори донишмандоне чун устод Шакурӣ дар дохили кишвар, то ҳадде ҷуброн гардад.

Созмони ҷавонони ҳизби понэронист зимни ибрози таассуф аз фуқдони ин донишманди бузурги Эронзамин, зоиъаи даргузашти эшонро ба ҳама форсизабонон ва эрониёни саросари ҷаҳон ба вежа ҳамтаборони тоҷик дар Тоҷикистон, ӯзбакистон ва Афғонистон дилоромӣ ва таслият мегӯяд.
Равонаш шод!

Поянда Эрон
Созмони ҷавонони ҳизби понэронист, 26 шаҳривармоҳи соли 1391.

Шакурӣ мегуфт:
Мо ҳама эронӣ ҳастем!

Аз Муҳаммадҷон Шакурии бухороӣ, ки дар хонадони адиб зода шуд ва узви фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва "чеҳраи мондагор" дар Эрон буд, навиштаҳои бисёре дар бораи забони форсӣ ва фарҳанг ва тамаддуни Фарорӯд бар ҷой монда аст.
Чанд рӯзе аз даргузашти Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ мегузарад; устоде, ки ба гуфтаи фарҳангмадорон, нақши бебадил дар адабиёт ва фарҳанги мардуми порсизабон ва меъмории фарҳанги Тоҷикистони кунунӣ дошт. Ҷойгоҳи илмӣ ва шахсияти волои эшон ӯро то ба д- он ҷо расонида буд, ки душманонаш низ барои ӯ эҳтироми бисёре қоил буданд. Дар бораи эшон бо устод  Фаридуни Ҷунайдӣ, эроншинос ва Шоҳномапажӯҳ гуфтугӯе кардаем, ки дар идома мехонед.

-Шумо аз дӯстони қадимии устод Шакурӣ ҳастед. Пешинаи ошноии Шумо бо эшон ба чӣ замоне бармегардад ва арзёбии Шумо аз маниши эшон чист?

- Бо фурӯпошии Шӯравӣ  дар солҳои оғозини даҳаи ҳафтод (оғози солҳои навади садаи гузашта С.А.) ба Тоҷикистон рафтам. Бо яке аз рӯзномаҳои он ҷо мусоҳибае доштам, ки дидам марде мусcин (солхӯрда С.А.) ворид шуд, ки ҳама ба ӯ эҳтиром мегузоштанд. ? нишасту аз гуфторҳое ки мегуфтам ёддоштбардорӣ мекард. Фардои он рӯз дар як анҷумани фарҳангӣ нишасте доштам, ки миёни сухан дидам ҳамон марди мусинро, ки дер ҳам расида буд, бо шитоб омад ва бо боз кардани кифаш шурӯъ ба навиштани ёддошт кард. Пас аз поёни ҷаласа дарёфтам, ки эшон Муҳаммадҷон Шакурӣ аст. Аз он ҷо, ки эшон аз ман бузургтар буданд, аммо ин гуна аз суханонам ёддоштбардорӣ мекарданд, назди худ шарманда шудам ва меҳраш бар дилам бештар нишаст. Дар ин ҳангом оташи бедоди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шӯълавар шуд ва ман шоҳиди куштори тоҷикҳо будам ва авзоъ хеле хеле ба ҳам рехта буд; чунонки мо натавонистем ба фурудгоҳ биравем ва ба Эрон бозгардем ва ин гуна шуд, ки он ҷо мондагор шудем. Дар он муддат он қадар тоҷикҳоро кушта дидам ва шоҳиди ҷанозаҳо дар хиёбон будам, ки наметавонам мизони таасуфамро барои Шумо баён кунам. Ду се нафар аз ёрон, ки барои семинори эроншиносӣ аз кишварҳои мухталиф омада буданд, тонке аз як подагони русӣ дар Душанбе иҷора карданд то бо он ба фурудгоҳ бираванд ва ба ман низ ҳарчӣ пофишорӣ карданд, гуфтам: нанг бар ман бод, агар бихоҳам барои наҷоти ҷони хеш, савори тонки русӣ шавам, ки ниме аз Эрони бузургро аз ман гирифта аст ва дар ин замон ҳам дорад аз кудатогарон пуштибонӣ мекунад. Ман тарҷеҳ медиҳам, хунам бар хоки Тоҷикистон бирезад, аммо бо Шумо наёям. Онон рафтанд ва ман шаст рӯз дар Тоҷикистон бимондам ва аз он ҷо, ки ҳама ҷо таътил буд, фурсате хубе даст дод, то бо дӯстони дигар, ба вежа устод Шакурӣ ошноии бештаре пайдо кунам. Мо дуруст ба сони ду бародар шудем. Бонуи меҳрубони ӯ ҳам хеле хеле бо меҳри саршор аз шавҳараш парасторӣ мекард. Мо низ ҳар гоҳ ба хонаи онон мерафтем, ё онҳо ба меҳмонсаро меомаданд, меҳрварзӣ мекарданд ва зиндагии басомон ва хеле хубу дилпазире аз ин зану мард медидам.   

Андак андак бо осори эшон бештар ошно шудам. Ҳарчанд хондани хати кирилик душвор буд. Аммо талош мекардам то навиштаҳояшонро бихонам. Аз он ба баъд то имрӯз дидорҳои бисёре бо эшон доштам ва чеҳраи ҳамешахандонашон ҳеч гоҳ аз ёдам намеравад ва як рӯди равони меҳри хурушон байни мо - Нишопур ва Бухоро - ҷараён дошт ва охирин бор, ки эшон бемор буданд ва дар бемористоне дар Теҳрон бистарӣ, ба дидорашон шитофтам ва "Шоҳнома"ро, ки вероста будам, бурдаму ба эшон додам ва бо меҳрбонӣ гуфтанд, ки ман коре ба ин бузургӣ накардаам, ки дар посух гуфтам: кори бузургро Фирдавсӣ карда аст ва ман накардаам. Шумо низ корҳои бузурге кардаед ва дайни худро ба фарҳанги Тоҷикистону Эрон адо кардаед. Медидам ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Ҳамсарашон низ пазируфт, то Шоҳномаамро барои эшон, ки чашмонашон хуб кор намекард, бихонад. Бо меҳру пайванд ҷудо шудем, ки бо камоли таассуф шунидам ин пайванд бо дасти рӯзгор гусаста шуд ва Муҳаммадҷон Шакурӣ ба диёри Минӯ шитофт. Ман фуқдони ин марди бузургро ба ҷомиъаи илмии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба эрониёне, ки ба ин ҳавзаи фарҳангии Эрон меҳр доранд, таслият мегӯям. Таслият шомили ҳоли худам ҳам мешавад, ки хеле хеле аз рафтани ӯ ба ҷонам зарба хӯрда аст; аммо бояд бидонем, ки ҳамаи мо меравем ва ин корвони дарозоҳанг аз оғози ҷаҳон будааст ва ҳамвора ҳам идома хоҳад дошт. Хуррам ва хуш касест, ки дар ин корвонсаро ба анҷоми корҳои муфид пардохта ва судаш ба ҷомиъа расида бошад, ки яке аз ин афрод, устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ буд ва умедворам фарзандони ҷудо уфтода аз якдигар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, бо улгӯ гирифтан аз ин марди бузург, дар роҳи густариш ва барозандагии фарҳанги ояндаи муштаракамон бикӯшанд.

- Аз Муҳаммадҷон Шакурӣ ба унвони меъмори фарҳанги навини Тоҷикистон ёд мекунанд. Вай чӣ карда, ки шоистаи ин унвон шуда аст?

-Шахсияти илмиии эшон ба гунае буд, ки пас аз кудатое, ки мунҷар ба раёсати ҷумҳурии Раҳмон шуд, чандин китоби бедоркунанда ва ҳушдордиҳанда барои миллати тоҷик навишт, ки ғайр аз ӯ касе қудрати навиштани чунин китобҳоро надошт. Шахсияти муҳим ва бо виқор ва оромиш  ва бузургию устодии ӯ имкон дод, то навиштани китобҳо ва мақолоти сарнавиштсозро иншо кунад ва ба мардум пешкаш намояд. Ин китобҳо барои раҳравони роҳи фарҳанги Тоҷикистон бисёр муфид ва омӯзанда аст.

-Ва агар Шумо бихоҳед ормонҳо ва уфуқҳои фикрии эшонро дар як ҷумла баён кунед, чӣ мегӯед?

-Эшон мисли ҳар эронии дигар, мисли ҳар тоҷикӣ босавод ва андешманди дигар, аз якпорчагии мо ҳарф мезад, аз пешрафти Тоҷикистон ва Эрон ва шукуфоӣ ва сарбуландии миллати парешони мо мегуфт. Мехост эҳёи миллаташро бубинад, мехост Эрони бузург сарфарозу сарбуланд бошад… Ва "мо ҳама эронӣ ҳастем" мегуфт.

Мусоҳиб: Масъуди ЛУҚМОН
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)