Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:31

Кӯлоб: Танҳо троллейбус метавонад мушкили сокинонро осон намояд

26 январ 2013, 05:30

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, дар шаҳр хати  тролейбусро фаъол сохта, ҳаракати онро ба роҳ монад.

Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри  Кӯлоб гуфт, яке аз мушкилоти умдаи шаҳрдорӣ ин камбуди нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди шаҳр мебошад. «Ҳарчанд нақлиёти хусусӣ, таксиву тангемҳо дар ин самт фаъоланд, вале он барои кулли сокинону меҳмонон басанда нест.Мушкили сокинонро танҳо нақлиёти ҳаҷман бузургтар, аммо арзон бароварда месозад. Дар ин маврид троллейбус метавонад, мушкилро осон намояд».

Ҳамин тавр, шаҳрдорӣ ба нақша гирифтааст, ки аз даромадгоҳи шаҳр, миёни кӯчаи марказӣ то охири шаҳр, ки роҳи росту камгардиш аст, хати сайри ин нақлиётро бунёд кунад.Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, лоиҳаи ин нақша ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гаштааст ва эҳтимоли тасдиқро низ дорад.

Кӯлоб севвумин шаҳри бузурги ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳр яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Нақлиёти давлативу ҷамъиятӣ бо иллати гаронии сӯзишворӣ имкони хизматрасониро тақрибан аз даст додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!