Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

АВВАТ дар боркашонӣ ҷои аввалро ишғол менамояд

26 январ 2013, 07:01

Тайи як соли гузашта тариқи ҳама намуди васоити нақлиёт ба Тоҷикистон ҳудуди 68 миллиону 280,4 ҳазор тонна бор кашонда шудааст.

Дар ин бора аз Агентии омори назди президенти кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд. Ба қавли манбаъ, бо истифода аз нақлиёти истифодаи умумӣ- 16 млн. 482 ҳазор тонна, нақлиёти истифодаи ғайриумум- 1 млн. 365,3 ҳазор тонна, бо нақлиёти соҳибкороне, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд- 36 млн. 457,5 ҳазор тонна, бо нақлиёти Асосиатсияи байнахалқии «АВВАТ»- 1 млн. 690,6 ҳазор тонна бор кашонда шудааст.

-Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 87,7 фоизро ташкил дод.Дар соли 2012 ҳамлу нақли бор бо нақлиёти роҳи оҳан 8409,6 ҳазор тонна ва бо нақлиёти ҳавоӣ 2,5 ҳазор тонна борро ташкил додааст,-афзуд манбаъ.

Ҳамзамон, дар соли 2012 тариқи ҳамаи намуди нақлиёти мусофирбар 517,2 млн. нафар мусофир кашонда шудааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!