Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Раҳмон ҳамтои туркмани худро табрик кард

28 январ 2013, 03:59

Президенти Тоҷикистон райисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду кишвар табрик намуд.

Дар барқияи шодбошии президент аз ҷумла омадааст:

- Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистон ва Туркманистон ба ман имконият медиҳад, ки табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми бародари туркман ирсол дорам.

Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият кишварҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкориҳои байнидавлатии худ, бо ҳамгироии фаъол дар арсаи байналмилалӣ, кӯшиш мекунанд.

Имрӯз дар идомаи анъанаҳои хуби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобилаи халқҳоямон, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, муносиботи Тоҷикистону Туркманистон динамикаи баланди рушд дорад.

Дар андозагирии сиёсӣ миёни кишварҳои мо дар асоси принсипҳои ошкоро, боварӣ ва дастгирии мутақобила муколамаи доимӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчун элементи асосии муносиботи муосири байнидавлатӣ ҳамкориҳои иқтисодии гузошташудаи Тоҷикистону Туркманистон мунтазам густариш ёфта, робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таҳким мебахшанд, - гуфта мешавад дар номаи табрикотии  Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!