Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

«N.S. Films» дар бораи Тоҷикистон 5 филм таҳия мекунад

22 июн 2011, 03:43

Дар Ҳиндустон оид ба кишвари мо намоишномаи телевизионӣ пахш гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, тариқи шабакаи якуми телевизиони марказии Деҳлӣ барномаи 25 дақиқагӣ таҳти унвони «Ҷашни тамаддунҳо» намоиш дода шуд, ки он дар бораи фарҳангу тамаддун ва санъати миллии Тоҷикистон нақл мекунад.

Манбаъ афзуд, моҳи августи соли 2010 ҳайати кормандони ширкати филмсозии “N.S. Films” иборат аз 6 нафар таҳти роҳбарии продюссер Нилуфар Шама ба Тоҷикистон ба муддати 2 ҳафта сафари корӣ ба анҷом расониданд. Ҳайати эҷодии “N.S. Films” аз чанд шаҳрҳои ҷумҳурӣ дидан намуда, ҷойҳои таърихӣ ва табиати зебои Тоҷикистонро ба навор гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, Нилуфар Шама, продюссери ширкати мазкур ҳамон вақт бо роҳбарияти кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ оид ба наворгирии 5 филми мустанад дар бораи муаррифии ҷумҳурии моро ба имзо расонида буданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!