Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:16

Боздошти нашъаҷаллобон дар Душанбе ва Суғд

28 январ 2013, 06:07

Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳрванд-Шафтолу Сабзалиеви 35 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир карда шуд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, аснои азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ,  аз дохили пакети селофанӣ маводи нашъадори навъи «ҳашиш», ки вазнаш 1 килою 654 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Манбаъ инчунин афзуд, ба ҳамин ҳодиса монанд аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор Маҷид Каримови 55-сола, Бизинат Ҷалоловаи 49- сола ва Ҳасан Собирови 29- сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуданд.

-Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 2 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 1 килою 214 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!