Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:41

Созмонҳои журналистии кишвар аз Абдуқаюми Қаюмзод пуштибонӣ мекунанд

29 январ 2013, 03:57

Иттиҳодияҳои хабарнигории Тоҷикистон унвонии вазири умури хориҷаи кишвар Ҳамрохон Зарифӣ номаи расмӣ ирсол кардаанд.

Тибқи иттилои Хуршед Ниёзов, Дабири кулли «Медиа-Алянс»-и Тоҷикистон, дар ин нома ба ҷуз ташкилоти онҳо, Шӯрои ВАО, ИЖТ ва НАНСМИТ низ имзо кардаанд. Гуфта мешавад, зимни ироаи мактуб аз вазири хориҷа ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзод тақозо шудааст. Ташкилотҳои журналистии кишвар аз ҷаноби  Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.

Маврид ба ёдоварист, вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба радиои Озодиро надорад. Зимнан, радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!