Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:08

Kam air ба Тоҷикистон маводи мухаддир наовардааст. Амрикоиҳо дурӯғ мегӯянд

30 январ 2013, 05:14

Ҳафтаи гузашта низомиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопаймоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст.

Ин хабар дар сомонаи «Ca-News» бо ишора ба «The Wall Street Journal» пахш гардидааст. Расонаҳои хабарии дохил ва хориҷии мустақари кишвар аз ҷумла радиои «Озодӣ» ва агентии «Азия плюс» низ ин хабарро бознашр кардаанд.

Тавре Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи ФБД ба Озодагон иттилоъ дод, ширкати ҳавопаймоии «Kam air» аз 03.12.2007 инҷониб дар хатсайри Кобул-Душанбе-Кобул ҳафтае як маротиба парвозҳоро ба Душанбе анҷом медиҳад: «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ширкати ҳавопаймоии «Kam air» ҳамкориҳои хуби тарафайн доранд.

Муносибат бо кормандон ва намояндагни ширкати мазкур тавре роҳандозӣ шудааст, ки бо ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии дигар. Яъне ҳангоми фуруд ба фурудгоҳи Душанбе мусофиргирӣ ва гузаштани ҳамаи расмияти мавҷудаи ҷорӣ риоя мегардад. Ба саволи инҷониб аз хадамоти гумрук, ШКД ва дигар ниҳоде, ки дар фурудгоҳ фаъолият доранд нисбати ширкати ҳавопаймоии «Kam air»- ҷавоби мусбат гирифтем ва маълум гардид, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ ягон маротиба ҳолати ошкор гардидан ва ё боздошти нафаре бо ҷурми интиқоли маводи нашъавоар дар фурудгоҳи Душанбе рух надодааст».

Манбаъ мегӯяд, аз ин рӯ метавон гуфт, ки даъвои ҳарбиёни амрикоӣ нисбати ширкати «Kam air» беасос буда, изҳороти ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ на танҳо ба обрӯи ширкати «Kam air», балки ба обрӯи байналхалқии ҷумҳурии Тоҷикистон низ латма ворид намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!