Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Генерали мисрӣ аз хатар ҳушдор медиҳад

30 январ 2013, 09:11

Вазири дифои Миср ҳушдор аз он дода, ки даргириҳои дохилии ахири ин кишвар мунҷар ба сарнагун шудани давлати Қоҳира хоҳад гашт.

Бино ба гузориши расонаи хабарии “ал-Арабия”, генерал Абулфаттоҳ Ассинсӣ, вазири дифои Миср бо ишора ба нооромиҳои манотиқи шарқии кишвараш афзудааст:

“Неруҳои артиш барои муҳофизати шаҳрҳое, ки дар канори канали Суетс қарор доранд, дар ин манотиқ мустақар шудаанд”. Номбурда таъкид бар он намуда, ки ба ҳеч кас иҷоза намедиҳад, то амнияти канали Суетсро барҳам бизанад.

Ба гуфтаи вазири дифои Миср, неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар айни замон  бо чолишҳои хатарнок рӯ ба рӯ буда, дар баробари ин ки онҳо набояд бо шаҳрвандон бархурд кунанд, вазифадор ҳастанд, ки аз ҳаққи баргузории тазоҳуроти мусоламатомез муҳофизат кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!