Амрико ба Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохила 7-адад автомашинаҳои хизматӣ туҳфа намуд.
Тавре аз ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин тӯҳфаҳо субҳи имрӯз зимни чорабиние, ки дар он Саидхон Ҷурахонов, муовини Вазири корҳои дохилӣ ва намояндагони Сафорати ИМА -ҷаноби Патрик Беллингер, сардори минтақавии амниятӣ ва ҷаноби Артур Тарян иштирок доштан, ба дастаи таъиноти махсуси милитсия супорида шуд.
Бояд гуфт, муддати чанд сол мешавад, ки ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамкории қавӣ дошта, то имрӯз баҳри ба мақсад расидан дар роҳи тарраққӣ ва ислоҳоти сохтори мақомоти корҳои дохилӣ якчанд корҳоро ба сомон расонидаанд.
-Ҳадаф аз тақдими автомашинаҳои хизматӣ, ин фароҳам овардани шароит барои саривақт бартараф ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр