Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Кӯлоб: Хатари селфароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад

30 январ 2013, 10:34

Камбуди техника хатари селзаниро дар ноҳияи Мӯъминобод боз ҳам бештар кардааст.

Пирмад Зарифов, раиси ноҳия мегӯяд, ҳамасола бо омадани сел аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ мебинанд.ба гуфти ӯ, селоба дар обпартовҳо сангҳои калону бузургро рӯйи ҳам оварда, соҳилҳо ва пулҳои нақлиётгузарро хароб карда, ба ҳавлии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ даромада, зарари зиёди иқтисодӣ мерасонад.«Дар мавриди пешгирӣ аз ин офати табиӣ ва мустаҳкамкунии соҳилҳо, мо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯем. Яке аз мушкилоти асосӣ ин мавҷуд набудани техника мебошад. Дар  ноҳия ҳатто як булдозер ва ё эксковатор надорем, то ақаллан корҳои заминиро ба анҷом расонем».

Ҳарчанд соҳили каналу обпартовҳо тариқи ҳашар бо истифода аз симтӯрҳо ва сангчинӣ мустаҳкам мешаванд, аммо ин кор то ҳанӯз атиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Гуфтанист, Муъминобод ноҳияи кӯҳистонест, ки миёни 13 обпартов, ё ба истилоҳ сойҳое, ки аз баландкӯҳҳо ҷорӣ мегарданд, қарор дошта, мавзеъҳои зиёди аҳолинишин дар назди соҳилҳо дорад.







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!