Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Ҳаҷми даромади ширкатҳои алоқа қариб 15 % афзуд

30 январ 2013, 12:05

Даромади умумии операторони мобилӣ ва интернет-провайдерони Тоҷикистон дар соли гузашта 2 миллиарду 281 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, ё баробар ба 470,5 миллион $-ро ташкил дод.

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, агар ин нишондодро бо соли 2011 муқоиса намоем, ҳаҷми даромади ширкатҳои алоқа ба андозаи 14,6% афзудааст:

«Маблағи даромад бо назардошти даромади оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком» зикр шуда, маблағи хизматгузориҳои танҳо ба аҳолӣ пешниҳодшуда бидуни назардошти корхонаву ширкатҳо ба 1 млрд. 87,5 млн. сомонӣ баробар шуд, аммо мо дар бораи даромадҳои ҷудогонаи ширкатҳои бахши алоқа маълумот надорем».

Ба иттилои манбаъ, соли 2012 шумори муштариёни бахши алоқа ба 8,3 млн. нафар, шумори муштариёни алоқаи собит ба 400 ҳазор нафар, корбарони шабакаи интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ ба 3,7 млн. нафар расидааст.

Маврид ба ёдоварист, айни замон дар Тоҷикистон 6 ширкати оператори мобилӣ ва   10 ширкати фароҳамсози интернет (провайдерон) фаъолият дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!