Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Боздошти беш аз 400 гумонбар дар Миср

31 январ 2013, 10:17

Мақомоти мисрӣ мегӯянд, 430 нафареро дастгир намудаанд, ки барои эҷоди ноамнӣ дар дохили кишвар аз хориҷ маблағ мегирифтаанд.

Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, дар ин бора Имод Ҳусен, мушовири амниятии раисҷумҳури Миср хабар дода, афзудааст: “Дар мавриди сармоягузорӣ шудани афроди гумонбар дар эҷоди нооромӣ аз сӯйи кишварҳои араб ҳеч иттилое надорад”.

Ин дар ҳолест, ки тайи як ҳафта мешавад тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳое майдону хиёбонҳои Мисрро фаро гирифта, бархе аз иншоотҳои давлатӣ аз тарафи тазоҳургарон ба оташ кашида шудаанд.

Ёдрас менамоем, ки чанде қабл расонаҳои мисрӣ роҳандозӣ шудани тазоҳуротҳои ахири Қоҳираро ба номзади нокоми риёсати ин кишвар ва собиқ вазири фавқулоддаи ҳукумати Муборак- Аҳмад Шафиқ рабт дода буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!