Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Human Rights Watch: Сайтбандӣ дар Тоҷикистон фишор ба озодии баён аст

31 январ 2013, 10:39

Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch), созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар гузориши солонаи навбатиаш вазъи ҳуқуқи башар дар 90 кишвари оламро арзёбӣ кардааст

Дар ин гузориш ҳушдор дода шудааст, ки дар мамолики зиёд дастовардҳои демократӣ бо таҳдиду хатар мувоҷеҳанд. Дар мавриди поймолшавии озодии баён дар Тоҷикистон дар соли 2012 навишта, ин созмон мегӯяд, ки моҳи март (2012) дастрасӣ ба сомонаи русии zvezda.ru,  ки як матлабро аз ҷаласаи пушти дарҳои бастаи ҳукумат нашр кард, номумкин шуд. Моҳи июл ва август бошад, дар рӯзҳои аввали амалиёти вижаи нирӯҳои  ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ ва баъди он ҳукумат дастрасӣ ба сомонаҳои ВВС, РИА Новости, Лента ру, Сентразия.ру-ро баст.   

Инчунин дар гузориш омадааст, ки дар Ховари Миёна хоҳишу рағбати раҳбарони нави кишварҳои минтақа ба эҳтироми ҳуқуқи башар муайян хоҳад кард, ки натиҷаи Баҳори Араб бунёди ҳукуматҳои демократӣ хоҳад шуд ва ё режимҳои худкома. Дар мавриди Афғонистон муаллифони гузориш нокомӣ дар мубориза бо хушунат бар зидди занон ёд шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!