Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:08

Содироти 60 тонна зағир ба хориҷ аз кишвар

31 январ 2013, 11:53

Тоҷикистон дар соли сол гузашта ба хориҷи кишвар дар баробари пахтаю алюминий, инчунин асал, зағир ва картошкаву кӯчати помидор низ содир кард.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯяд, ҷумҳурии мо дар соли 2012 фақат ба Афғонистон 60 тонна зағир содир намуда, ба дигар кишварҳои хориҷӣ 1500 оилаи занбӯри асал фурӯхт: «Ин раванди нави доду гирифт буда ва он маҳсулоте, ки дар хориҷи кишвар ба он талабот зиёд аст, бояд истеҳсоли онро рушд диҳем».

Ба қавли вазир, асалпарварӣ дар Тоҷикистон бояд пешрафт намояд, зеро ҳама шароитҳо барои ин дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст: «Дар ин самт танҳо бояд стандартҳои байналмилалиро риоя намоем. Яъне, бояд маҳсулоте истеҳсол кард, ки ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, рақобатпазир бошад. Дар масъалаи рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар кишвари мо мушкилот вуҷуд надорад, зеро иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи занбӯри асал мусоид буда, танҳо таблиғот ва дар шакли дуруст, хусусан тавассути зарфу борҷомаҳои махсус содир намудани он ба бозори ҷаҳон афзалияти бештар дорад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!